Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Şanlıurfa °C

Ифтитоҳи ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
REKLAM ALANI
20.12.2022
A+
A-

 

 

 

 

Ифтитоҳи ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
20.12.2022 , шаҳри Душанбе

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи азими қолинбофӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди саноат – 2022-2026» аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев бунёд гардидааст. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нави истеҳсолӣ 500 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, теъдоди зиёди кормандонро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи нави саноатӣ дар як шабонарӯз 4 ҳазору 500 метри мураббаъ қолин бо шаклу андозаҳои гуногун, нақшу нигор ва тарҳи милливу аврупоӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона 1 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ қолинро дар бар мегирад.

Дастгоҳу таҷҳизоти муосири қолинбофӣ аз ширкати машҳури «Вандевил»-и (VAN DE WIELE) Шоҳигарии Белгия ворид карда шудааст, ки мутахассисони тоҷик хатҳои истеҳсолиро васлу насб намуда, пурра идора менамоянд.

Ба таъкиди мутахассисон раванди истеҳсоли қолинҳо аз равона намудани ришта то бофандагию пардоздиҳӣ ва бастабандии маҳсулоти тайёр нуҳ марҳиларо дар бар мегирад.

Дастгоҳҳои замонавии қолинбофӣ ба таври механикӣ фаъолият мекунанд ва дар ҷараёни истеҳсолот қисме аз корҳо аз тарафи мутахассиони маҳаллӣ бо истифода аз таҷҳизоти ёрирасон иҷро карда мешаванд.

Ҳоло дар корхона истеҳсоли қолинҳо бо андозаҳои аз 1 то 5 метр паҳноӣ, аз 2 то 6 метр дарозӣ ва аз ин ҳам бештар вобаста ба талаботи бозорҳо ба роҳ монда шудааст. Бо дарназардошти завқу салиқа ва фармоиши мизоҷон дилхоҳ шаклу андозаи қолинҳо дар корхона истеҳсол карда хоҳад шуд.

Дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе» бинои маъмурӣ ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд гардидааст. Дар бинои маъмурӣ барои кормандону мутахассисон ҳуҷраҳои барҳавои корӣ сохта шуда, бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст. Шароити замонавии корӣ ба ҳайати мутахассисон имконият медиҳад, ки ҷараёни фаъолияти самарабахши корхонаро танзим карда, раванди истеҳсолотро дар сатҳи баланд таъмин намоянд.

Бинои меҳмонхона бошад, аз 17 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ иборат буда, дар он барои мутахассисону кормандони корхона шароити арзандаи истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона барҳаво буда, бо ҷевону рахти хоб, роҳаткурсӣ ва техникаи маишӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, то мутахассисону кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ ба истироҳату фароғат низ фаро гирифта шаванд.

Бо мақсади муаррифӣ ва дастрасии қолинҳо ба мизоҷон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе” мағозаи замонавии фурӯши маҳсулот таъсис ёфтааст. Дар мағозаи мазкур мизоҷон имкон доранд, ки бо нархҳои дастрас қолинҳои дилхоҳи худро интихоб, фармоиш ва харидорӣ намоянд. Ҳадаф аз таъсиси нуқтаи фурӯш боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба харидорон мебошад. Қолинҳои харидоришуда тавассути нақлиёти корхона ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.

Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти тайëр, ки дар он номгӯи зиëди қолинҳо ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати қолинҳои истеҳсолоти ватанӣ баҳои баланд доданд.

Дар намоишгоҳ қолинҳои гуногунҳаҷм, бо шаклу намудҳои мухталиф ва тарҳи муосир муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло дар корхона зиёда аз 150 намуд қолин бо тарҳу андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Дар рӯи қолинҳо нақшу нигори миллӣ дар омезиш бо санъати муосир тасвир ëфтаанд. Ҳамин тариқ, қолинҳои истеҳсолнамудаи корхонаи нави саноатӣ бо сатҳу сифат, шаклу услуб ва нақшу нигори хосаш ифодакунандаи анъанаи қадимаи қолинбофии халқи тоҷик аст.

Ба иттилои масъулон талаботи солона ба қолин дар мамлакат 7,5 миллион метри мураббаъ мебошад.

Роҳбарияти ҶДММ “Қолинҳои Душанбе иқдом гирифтанд, ки то моҳи марти соли 2023 марҳилаи дуюми корхонаро ба истифода супоранд. Бо фаъол шудани марҳилаи навбатӣ боз 500 ҷойи нави корӣ ташкил гардида, иқтидори корхона дар як сол ба 3 миллион метри мураббаъ қолин баробар мегардад.

Сарвари давлат таъсиси ин корхонаи азими саноатиро дар самти амалишавии “Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳоло содироти қолинҳои истеҳсолоти ватанӣ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистон ва Афғонистон ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои таъсиси корхонаи замонавии қолинбофӣ дар шаҳри Душанбе ва ҷалби сокинони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва содироти маҳсулоти босифати ватанӣ ба хориҷи кишвар ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

 

 

kaynak:http://www.president.tj/node/29800?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
Arabic Arabic Chinese (Simplified) Chinese (Simplified) Dutch Dutch English English French French German German Italian Italian Portuguese Portuguese Russian Russian Spanish Spanish Turkish Turkish